Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ
12 августи соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (CҲИ) Ҳодии Сулаймонпур баргузор гардид. Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳодии Сулаймонпур, ки маъмурияташ дар вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ 15 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, супорид. Дар нома Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳодии Сулаймонпурро дар вазифаи мазкур пурсамар арзёбӣ намуда, ба ӯ дар фаъолиятҳои минбаъдааш муваффақиятҳои беш аз пеш орзу намудааст.
Ҳодии Сулаймонпур барои тақдир аз фаъолиятҳои ӯ дар вазифаи Дабири кулли СҲИ изҳори сипос намуда, аз Сафир хоҳиш кард, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон табрикот ва таманниёти ӯро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.
Ҳамзамон Ҳодии Сулаймонпур ба Сафири Тоҷикистон Тасдиқномаи пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардидани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 - 2021-ро ҷиҳати таҳвил ба шаҳрдории Душанбе супорида, ба ин шаҳри зебову дилоро сарсабзиву шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.
https://mfa.tj/tg/main/view/8440/muloqot-bo-dabiri-kulli-sozmoni-hamkorii-iqtisodi
___________________________________________________________________
Встреча с Генеральным секретарём Организации экономического сотрудничества
12 августа 2021 года состоялась встреча Посла Республики Таджикистан в Исламской Республике Иран Низомиддина Зохиди с Генеральным секретарём Организации экономического сотрудничества (ОЭС) Хади Сулаймонпуром. В ходе встречи Посол Таджикистана передал письмо Министра иностранных дел Республики Таджикистан Ходи Сулаймонпуру, полномочия которого в качестве Генерального секретаря ОЭС заканчиваются 15 августа текущего года. В своем письме Министр иностранных дел Таджикистана, высоко оценив вклад Хади Сулайманпура в указанной должности, пожелал ему успехов в его дальнейшей деятельности.
Хади Сулаймонпур выразил признательность таджикской стороне за высокую оценку его деятельности во благо стран ОЭС.